Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:19

Бонки миллӣ: Ба суръати таваррум гаронии нархи орду гандум таъсир расондааст

3 декабр 2012, 10:24

Афзоиши омилҳои беруна ва болоравии нархи ҷаҳонии орду гандум сабаби аслии суръати таваррум дар кишвар гардид.

Сатҳи таварум дар нуҳ моҳи соли равон 3,0 фоизро ташкил дода, меъёри он аз аввали  сол ба 5,6 фоиз расид. Тавре ба Озодагон аз Бонки милли Тоҷикистон хабар доданд, номӯътадилии сатҳи нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ бештар ба номусоид омадани обу ҳаво дар кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти ғалладона вобаста аст.

Манбаъ афзуд, қимат намудани боҷи гумрукӣ барои содироти маҳсулоти нафтӣ аз  ҷониби кишварҳои содиркунандаи нафт ҳам таъсири манфии худро ба болоравии нархи гандум, орд ва маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ оварда расонид: «Дар натиҷа сатҳи таваррум дар ин давра 3,0 фоизро ташкил намуд, ки бештар аз ҳисоби болоравии нархҳои маводӣ озуқа (4,5%) ба вуқӯъ пайваст».

Бонки милли Тоҷикистон дар ин давра барои пешгирии болоравии сатҳи таваррум, бо истифода аз воситаҳои монетарӣ тадбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро, ки ба мӯътадилии сатҳи нархҳо нигаронида шудааст, идома дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!