Бахшҳо

Муҳоҷирони ноболиғ аз таълим дур мондаанд

Масъулини Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон аз  вазъи фелии муҳоҷирони ноболиғи тоҷик дар Қазоқистон огоҳ шуда, баҳри чораҷӯӣ намудан сари ин масъала  Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро низ оғоҳ намудаанд.

Малика Мирбобоева, намояндаи ин созмон дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон иброз намуд, ки дар Қазоқистон муҳоҷирони ноболиғи тоҷик аз таълим дур монда, даст ба ҳар гуна корҳо задаанд ва дубора намехоҳанд дарс хонанд: «Мо аз Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Қазоқистон маълумот гирифтем, ки  дар он ҷо як гурӯҳ ноболиғон- шаҳрвандони Тоҷикистон  пойафзол мефурӯшанд. Онҳо ҳамагӣ 15-16 сола мебошанд. Ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамин маълумотро додем ва гуфтем, ки сари ҳамин масъала ягон чора андешидан лозим. Намояндагии созмони мо дар Остона гуфтанд, ягона роҳ тибқи қонунгузорӣ онҳоро мумкин депортатсия кардан лозим, вале фикр мекунем, ки онҳо барои рӯзгузаронии хонаводаашон кор мекунанд ва ин кор шояд ба онҳо зарари бештар орад».

Ин ҳамсӯҳбатамон қайд намуд, ки зимни мулоқот бо ин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии ноболиғ маълум гардид, ки онҳо барои рӯзгузаронии оилаҳои худ дар ин кишвар кор карда истодаанд.

Малика Мирбобоева мегӯяд, ҳарчанд аз ин ноболиғон хоҳиш намудаанд, ки дар худи Қазоқистон барояшон курсҳои омӯзишӣ мекушоянду омада хонанд, онҳо рад намудаан ва дар ҷавоб гуфтаанд, ки « Мо бояд инҷо танҳо кор кунем».

Номбурда иброз дошт, ки дар ҳоле, ки худи ин муҳоҷирони ноболиғ намехоҳанд таълим гиранд, онҳоро СБМ маҷбур карда наметавонад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин қабил муҳоҷирони меҳнатии ноболиғ ба масъулини СБМ таъкид намудаанд, ки дар ин кишвар бояд фақат кор кунанд, зеро ба хонаводаашон пул фиристонданашон лозим.

Бояд зикр намуд, айни ҳол шумораи муҳоҷирони ноболиғи тоҷик  дар  Русия  беш аз 50 ҳазорро ташкил медиҳад.

Муҳоҷирати ноболиғон ба Русия, ки яке аз кишварҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад, дар ҳоли афзоиш ёфтан аст.




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)