Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:37

СPJ: Ӯрунбой Усмонов бидуни таъхир бояд раҳо шавад

17 июн 2011, 11:11

«Мақомот бояд ҳар чӣ зудтар ва бидуни таъхир Ӯрунбой Усмонов, журналисти боздоштшударо озод кунанд».

Дар ин бора зимни пахши як баёния аз сӯи кумитаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон (СPJ) омадааст. Ҳамзамон, ин созмони мудофеи журналистон боздошт ва шиканҷаи хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро маҳкум карда, хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шудааст. Дар баёнияи Кумитаи байналмиллалии дифоъ аз рӯзноманигорон ҳамчунин таъкид шудааст, ки боздошти журналист ба хотири фаъолияти ҳирфаиаш сурат гирифтааст.

Сафороти Британияи Кабир ва ИМА дар Тоҷикистон, ҳамчунин Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо  низ аз боздошти хабарнигор Ӯрунбой Усмонов изҳори нигаронӣ карда, унвонии ҳукумат ва вазорати корҳои хориҷаи кишвар номаи расмӣ ва муроҷиатнома дар мавриди озод кардани хабарнигори номбурда ирсол доштанд.

Ёдрас менамоем, бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд  Усмонов  Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф  аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!