Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:54

Ронанда ҷавони 27 соларо зер карда аз ҷои ҳодиса ғайб зад

4 декабр 2012, 05:19

Сарнишини автомашинаи тамғаи номаълум дар ноҳияи Шуғнон як пиёдагарди 27 соларо пахш намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ин ҳодиса 3-юми декабр ба вуқӯъ пайвастааст: «Нақлиёти тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон ба тарафи шаҳри Хоруғ дар километри 624-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар мавзеи «Боёнак»-и деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Далер Шосафоеви 27 сола, сокини ноҳияи Шуғнонро зер намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад».

Дар натиҷа пиёдагард Далер Шосафоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат мерасад.

«Ҳоло барои муайян кардани автомашина ва дастгир кардани ронанда чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад»,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сарлавхаро ислох кунед, ки мардум нодуруст мефахманд. Ба чойи "Ронанда ҷавони 27 соларо зер карда аз ҷои ҳодиса ғайб зад" чунин нависед: "Ронанда бо мошин ҷавони 27 соларо зер карда аз ҷои ҳодиса ғайб зад"))))))

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!