Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Фриске намехонад, Архипов аз гурӯҳ рафт

17 июн 2011, 11:40

Жанна Фриске, овозхони маъруфи рус тасмим гирифтааст, ки дигар ба сифати сароянда рӯи саҳна набаромада, ровии телевизион шавад. Дар баёнияи матбуотие гуфта мешавад, лоиҳаҳои мусиқии тарҳрезишуда бо ширкати овозхон ва барномаҳои консертии дар моҳҳои наздик ба нақшагирифташудаи вай бекор карда шудаанд.

Гурӯҳи «Челси» бошад, бо сабаби рафтани Роман Архипов аз «чоргона» ба «сегона» табдил шуд.  Тибқи иттилои сомонаи «СтарсНюс» сабаби рафтани Рома ҳамдигарнофаҳмиҳои эҷодӣ будааст. Манбаъ навиштааст, Рома ҳамеша ба хард-рок таваҷҷӯҳи бештаре дошт, дар ҳоле, ки аъзои дигари гурӯҳ тасмим доштанд, ки бо усули мусиқии поп қуллаҳои шӯҳратро фатҳ кунанд. Виктор Дробиш, продюсери «Челси» гуфтааст, онҳо фаъолияти гурӯҳро дар ҳайати Арсений Бородин, Алексей Корзин ва Дэн Петров идома дода, алъон тасмими пайдо кардани нафари чорумро надоранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!