Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:46

Муҳаммад Алӣ «Шоҳи бокс» эълом гардид

4 декабр 2012, 11:21

Муштзани 70- сола, маъруфтарин боксчии ҳама давру замонҳо дар 50-умин ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии ин навъи варзиш (WBC) «Шоҳи бокс» эътироф шуд.

Ин ҳамоиш дар шаҳри Канкуни Мексика сурат пазируфт. Барои саҳми арзанда дар рушди варзиш ва бокси ҳирфаӣ ба ӯ унвони фахрӣ ва камарбанди  «алмосӣ»-и қаҳрамони ҷаҳон ва тоҷи «шоҳӣ» тақдим шуд. Тоҷро ба сари Муҳаммад Виталий Кличко, дорандаи ҷоизаи WBC ниҳод. Камарбандро бошад, Серхио Мартинеси аргентинӣ ба миёни Алӣ баст. Дар маросими расмӣ беш аз 100 қаҳрамон ширкат дошт.

Муҳаммад Алӣ (Кассиус Клей) солҳост, ки аз маризии «паркинсон» (навъе аз касалии системаи марказии асаб) азият мекашад.Алӣ аз соли 1964 то 1966 ва аз соли 1974 то 1978 қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар вазни вазнин буд. Дар ринги касбӣ ӯ 56 маротиба дастболо шуда, ҳамагӣ панҷ дафъа мағлуб гардидааст. Соли 1999 бошад, маҷаллаи «Sports Illustrated» ва расонаи ВВС ӯро     «Варзишгари аср» эълон карданд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!