Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 16:06

Сокини Истаравшан барои як умр равонаи зиндон шуд

4 декабр 2012, 12:04

Суди вилоятӣ Ғайбулло Насруллоеви 48-сола, сокин ҷамоати Қалъаи Баланди ноҳияи Истаравшанро ба чунин ҷазо сазовор донист.

Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон аз толори мурофиаи парвандаи мазкур иттилоъ дод, номбурда бо воситаи табар ҳамсар ва келини ҳомиладорашро ба қатл расонидааст.   «Санаи 3 июни соли ҷорӣ , тахминан соати 02.30, Ғайбулло Насруллоев дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби  ба миён омадани ҷанҷоли оилавӣ бо табари хоҷагии дар дасташ буда, завҷааш Саодат Бобоҷоноваи 45-соларо ба қатл мерасонад. Сипас, Матлуба Мавлоноваи 23-соларо, ки ҳомиладор буд, низ зарба мезанад. Дар натиҷа, ҳар дуи онҳо аз захми ҷисмонии вазнини бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!