Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

Эмомалӣ Раҳмон дар Ашқобод. Бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ

5 декабр 2012, 05:06

Президенти Тоҷикистон, шоми рӯзи гузашта дар шаҳри Ашқобод бо президенти Туркманистон, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишаст масоили ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, илму техника ва фарҳанг баррасӣ гардидааст. Бино ба гуфти манбаъ, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки имрӯз (5-уми декабр) дар назар аст, сурат гирифтааст.

-Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии раисиҷумҳур оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар ашхоси расмии кишвар ҳамроҳӣ мекунанд,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!