Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 07:42

Маҳфили ёдбуд ба хотираи Муҳиддин Олимпур

5 декабр 2012, 05:19

Конуни байналмилалии Олимпур рӯзи 13-уми декабр намоиши аксҳои Муҳиддин Олимпур, аккос ва хабарнигори тоҷикро дар Душанбе баргузор менамояд.

Дар назар аст, ки дар ин намоишгоҳ ҳудуди 40 акси журналисти фақиди тоҷик ба намоиш гузошта шавад, ки бештар аз манзараҳои табиати Тоҷикистон гирифта шудаанд. Бояд гуфт, Намоиши аксҳои Муҳиддини Олимпур дар осорхонаи "Мино"-и Иттиҳодияи меъморони Тоҷикистон дар наздикии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, сурат мегирад.

Ҳамзамон, Конуни байналмилалии Олимпур тасмим дорад, дар ин намоишгоҳ СD-и барномаи радиоии  "Аз Душанбе то Лос-Анҷелес"-и Муҳиддини Олимпур ва фиттаи DVD-и консерти Саттор, овозхони шинохтаи эрониро, ки дар моҳи январи соли 1995 дар Кохи Борбади Душанбе баргузор шуда буд, муаррифӣ кунад.

Маврид ба ёдоварист, Муҳиддини Олимпур 13-уми декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе аз сӯйи силоҳбадастон ба қатл расид. Олимпур он замон хабарнигори бахши форсии радиои Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд.Баъдтар чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қатли журналист муҳокима ва зиндонӣ шуданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!