Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:42

Хадамот чиптафурӯшҳои қалбакиро ҷустуҷӯ дорад

5 декабр 2012, 06:25

Фурӯши ин гуна билетҳо ба гурӯҳе аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия боиси нигаронии онҳо шудааст.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин гурӯҳ муҳоҷирон аз як дӯкони чиптафурӯшӣ, воқеъ дар назди бозори «Текстилчиён»-и кӯчаи Шоссеи шахри Маскав 7 чиптаи ҳавопаймоӣ харидорӣ менамоянд, ки зимни   бақайдгирӣ қалбакӣ будани чиптаҳо маълум мешавад.

Нозия Ғарибмамадова, яке аз фиребхӯрдаҳо  иброз доштааст, ки чиптаҳоро бо арзиши аз 14 то 16,5 ҳазор рубли русӣ чанд рӯз қабл аз парвоз аз шаҳрванди Тоҷикистон  Комил Ҳайдаров, корманди маркази чиптафурӯшӣ дастрас намудаанд. Ба гуфти ӯ, чунин чиптаҳои қалбакиро дигарон низ харидаанд.Дар ҳоле ки муҳоҷирон мехостанд ба фурӯшандаи ин чиптаҳо эътироз намоянд, дар маркази фурӯши чиптаҳо на фурӯшанда буду ва на  маркази чиптафурӯшӣ.Ин гурӯҳ муҳоҷирон бо мақсади дарёфт кардани шахсони дар ин кор дастдошта ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кардаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба муроҷиати шаҳрвандон кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, ба мақсади  дарёфт кардани шахсони дар ин кор дастдошта ва барои баргардонидани маблағҳои шаҳрвандони ҷабрдида кор мебаранд. Масулини Хадамоти муҳоҷират иброз медоранд, ки дар фасли зимистон теъдоди муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Тоҷикистон бармегарданд зиёд буда, талабот ба чиптаҳои ҳавопаймоҳо ва қатораҳо аз Русия ба Тоҷикистон меафзояд, мутаасифона баъзе аз шахсони таққалубкор аз ин ҳолат истифода бурда, ба қаллобӣ даст мезананд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!