Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:34

Лазарев «диски тиллои»-ро соҳиб шуд

17 июн 2011, 12:01

Моҳи майи соли 2011 албоми Сергей Лазарев « Electric Touch» хатти «заррин»-и фурӯшро тибқи муқарароти Федератсияи миллии тавлидкунандагони фонограмма убур кард. Маросими тақдими сертификат ба Лазерев дар идораи московии Sony Music баргузор шуд.

«Кор бо Сергей барои мо ифтихори бузург аст, - гуфтааст, Ян Хендерсен, раҳбари кулли шӯъбаи русиягии Sony Music. – Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то мусиқии Сергейро ба аудиторияи бештари тамошобинон пешниҳод намоем».
Албоми Сергей Лазарев «Electric Touch» соли 2010 таҳия гардид. Сабтҳои он дар Амрико, Англия, Швейсия ва Русия анҷом шуд. Дар ин албом беҳтарин продюсерони сатҳи ҷаҳонӣ ҷалб шудаанд.  «Ман тамоми нерӯ ва таҷрибаамро зимни таҳияи ин албом сарф кардам, - изҳор доштааст, Сергей Лазарев. – Аз натиҷаи кори худ фахр мекунам. Electric Touch бидуни шак давраи ҷадиде дар эҷодиёти ман аст».
Диски мазкур аз сӯи коршиносони бахши шоу-бизнес баҳои баланд гирифтааст. 3 июни соли равон «Eleрctric Touch» ҷоизаи «Муз-ТВ»-ро дар номинатсияи «Беҳтарин албоми сол» дарёфт кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!