Бахшҳо

Баррасии Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон

Дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе муаррифии Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва мониторинги сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, ки аз якуми январи соли 2013 мавриди амал қарор дода мешаванд, баргузор гардид.

Аз Кумитаи андози Тоҷикистон ба Озодагон хабар доданд, ки дар ин чорабинӣ намояндагиҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ, намояндагии Иттиҳоди Авруппо дар Тоҷикистон ва дигар намояндагиҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, инчунин масъулини вазорату идораҳои дахлдор ширкат намуданд.
Масъулини Кумитаи андоз дар ин нишаст зикр намудаанд, ки Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ  бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар муносибатҳои андозӣ бо андозсупорандагон таҳия шудааст.

Гуфта мешавад, баробари такмил ёфтани сохтори мақомоти андоз ва қабули Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон низ такмил дода шуда, дар таҳрири нав қабул гардид.

Манбаъ мегӯяд, дар санади мазкур ба таври дақиқ расмиёти хизматрасонӣ муайян гардида, ҳамзамон барои назорати таъмини иҷрои пурраи он мунтазам мониторинги сифати хизматрасонӣ бо истифода аз ҷорӣ намудани пурсишномаҳо ва анкетаҳо, ки бевосита аз ҷониби андозсупорандагон тартиб дода мешаванд, гузаронида хоҳад шуд: « Пурсишномаҳо дар сомонаи расмии Кумитаи андоз ҷойгир карда шудааст ва дилхоҳ андозсупоранда метавонад бо истифода аз он сатҳу сифати хизматрасонии мақомоти андоз ва корманди мақомоти андозро баҳогузорӣ намояд, дархосту эродҳои худро дар он дарҷ созад. Баҳогузории хизматрасонии мақомоти андоз имкон медиҳад, ки камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти соҳа муайян гардида, баҳри ислоҳи онҳо сари вақт чораҷӯӣ карда шавад. Ҳамзамон шаклҳои қоғазии анкетаҳо ва пурсишномаҳо дар утоқҳои хизматрасонии мақомоти андоз ҷойгир карда мешаванд, ки дастраси андозсупорандагон мебошад».

Дар ин ҳамоиш иштирокчиён  ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва мукаммал намудани стандартҳои хизматрасонӣ таклифу пешниҳодоти  худро иброз доштаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти андоз нақша дорад, ки минбаъд мунтазам дар миёни андозсупорандагон ва кормандони соҳа корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳиро оид ба татбиқи амалии Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон боз ҳам тақвият бахшад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)