Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Фаъолияти солонаи хазинаи СММ дар Душанбе баррасӣ шуд

5 декабр 2012, 10:37

Имрӯз, 5-уми декабр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомад оид ба фаъолияти солонаи хазинаи Созмони миллали муттаҳид дар соҳаи нуфуси аҳолӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои  вазорати мазкур дар ин нишаст  сиҳатии репродуктивӣ- муваффақият, мушкилот ва дурнамо, нуфуси аҳолӣ ва рушд, баробарии гендерӣ, пешбурди барномаҳои ҷавонӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар ин ҳамоиш Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии парлумон, Александр Зуев, намояндаи хазинаи СММ дар соҳаи нуфуси аҳолӣ дар Тоҷикистон ва  дигар масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар ширкат намудаанд.

.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!