Дар 10 моҳи соли равон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 17 миллиону 670 ҳазор доллари ИМА нерӯи барқ содир кардааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта маблағи беш аз 3 миллион долларро ташкил медод.
Яъне аз руи таҳлилҳои ин агентӣ гуфтан мумкин аст, ки имсол нисбати соли гузашта ҳудуди 14 миллион доллар маблағҳо аз ҳисоби содироти нерӯи барқ афзоиш ёфтааст.
Агентии мазкур дар бораи ҳаҷми нерӯи барқе, ки Тоҷикистон содир намудааст маълумот намедиҳад.
Манбаъ мегӯяд, моҳҳои январ-октиябри соли равон дар Тоҷикистон беш аз 14170 миллион кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст, ки зиёда аз 1174 миллион кВт/ соати он ба моҳи октябри ҳамин сол рост меояд.
Мӯҳр