Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:11

Қарздортарин овозхонзани русро ба додгоҳ кашиданиянд

17 июн 2011, 12:05

Лада Дэнс дар феҳристи қарздорҳои «гизала» зинаи аввалро соҳиб шуд. Ин бонуи хонанда беш аз  155 ҳазор рубл ҳаққи хизматрасонии хоҷагии манзиливу комуналиро напардохтааст.

-Дэнс то имрӯз ба огоҳиҳои мо ҳеч вокунише нишон надодааст, гуфтаанд, кормандони хадамоти хоҷагии манзиливу комуналии шаҳри Маскав. Гуфта мешавад, дар 26 моҳи охир барои  хонаи сеҳуҷрагии худ дар маркази пойтахти Русия ҳатто як тини зардак ҳам насупурдааст. «Агар ояндаи наздик овозхон қарзҳояшро баробар накунад, алайҳаш ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд», менависад newsmusic.ru.

Аризаи шикоятӣ аллакай омода аст, вале кормандони хадамот ҳанӯз умедворанд, ки Лада Дэнсро виҷдонаш ором нагузошта, қарзҳояшро пардохт мекунад. Ҳамсояҳои овозхон бошанд, гуфтаанд, ки Лада кайҳост, ки дар ин манзил истиқомат накарда онро ба иҷора додаст.

Хело ҷолиб-а, худаш ҳақи иҷораро мегирад, аммо барои хизматрасониҳои комуналӣ пул намедиҳад.

Шояд рӯзе дар Тоҷикистон ҳам рӯйхати сарояндаҳои аз газу барқу об қарздор дастраси омма мешавад. Ба фикри шумо қарздортарин сарояндаи тоҷик кӣ аст?



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!