Бахшҳо

Э. Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон  баргузор гардид, аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳайатҳо як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои маркази матбуотии президент, барои ширкат дар ин ҳамоиш президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ва ҳамчунин сарони дигар давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Украина, Узбекистон, сарвазири Молдова, сарвазири Озарбойҷон ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Ашқобод сафар намудаанд.

Дар ҷаласаи мазкур наздики 20 масъала, аз ҷумла масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва вобаста ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва шабакаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои аъзои ин созмон баррасӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо бештар ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст изҳор доштааст, ки муносиботи иқтисодӣ заминаи асосии ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳои дигар мебошад ва бе рушди дилхоҳи кор дар ин самт робитаҳои сиёсӣ ва илмию фарҳангии мо наметавонанд густариши судманд дошта бошанд.

Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба, қарор дар бораи таҷлили 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ барои ташкили бозори якҷояи асъори хориҷӣ ва созишномаҳо доир ба омодасозии мутахассисони сохторҳои зиддитеррористӣ ва таъмини моддию техникии чунин мақомот аз ҷумлаи санадҳои имзошуда дар ин ҷаласа мебошанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)