Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:33

Аврупо алайҳи Исроил. Чехия ҷонибдор

6 декабр 2012, 05:02

Тасмими ахири кобинаи режими саҳюнистӣ дар мавриди бунёди чанд ҳазор воҳиди маскунии ҷадид дар шаҳракҳои каронаи Бохтарӣ, бо интиқоди муттаҳидони аврупоии Исроил рӯ ба рӯ шуда, ба гунае ки чанд кишвар имрӯз сафирони исроилиро бозҷуӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ба нақл аз хабаргузории Ройтерз, дар ҳоле ки танҳо чанд рӯз аз ба расмият шинохта шудани кишвари Фаластин дар Созмони милал мегузарад , тасмими Бенямин Натаняҳу  дар мавриди пазируфтани тарҳи густариши шаҳраксозиҳо, имрӯз бо интиқоди шадиди аврупоиҳо рӯ ба рӯ шуд. Англия, Фаронса ва Шветсия  сафирони Исроил дар пойтахтҳои худро фаро хондан, то маротиби норизоятии амиқи худ аз тарҳи сохти 3 ҳазор воҳиди маскунии ҷадид дар сарзаминҳои ишғолии каронаи бохтарива Қудси шарқиро ба гӯши онҳо бирасонанд.

Яке аз сухангуҳои дафтари вазорати хориҷаи Англия дар вокуниш ба ин тасмим гуфта аст: “Мо аз тасмими ахири исроилиҳо барои сохтани 3 воҳиди маскунии ҷадид ва роҳандозии муҷаддади  тавсиаи булуки E1 нороҳатем. Аз Исроил хостем ки дар тасмими худ таҷдиди назар кунад”

Олмон ҳам, ки наздиктарин муттаҳҳиди аврупоии Исроил ба шумор меояд, дар остонаи сафари нахуствазири режими саҳюнистӣ ба ин кишвар, ба Исроил тавсия карда аз густариши шаҳракҳо худдорӣ кунад. Русия низ эълон кард, иқдомоти Исроилро бо нигаронӣ дунбол мекунад.

Дар миёни кишварҳои аврупоӣ танҳо ҷумҳурии Чех буд, ки ба тарҳи боло бурдани вазъияти Фаластин дар Созмони милал раъи манфӣ дод ва ағлаби кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса, аз он ҳимоят карданд. Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ қарор аст  ин ҳафта зимни сафар ба Прага аз мақомоти ҷумҳурии Чех ба далели ҳимоят накардан аз иртиқои вазияти Фаластин, қадрдонӣ кунад.

Сохти ин воҳидҳои маскунӣ танҳо яке аз иқдомоти талофиҷуёнаи исроилиҳост.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!