Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:43

Эрон пеши роҳи маводи мухаддирро гирифт

17 июн 2011, 12:30

То поёни соли 2011 аз роҳи заминӣ ворид кардани маводи мухаддир ба Эрон  имконнопазир мегардад.

Исмоил Аҳмадии Муқаддам, фармондеҳи нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрўз дар шаҳри соҳилии Анзалӣ, дар шимоли Эрон, дар дуввумин нишасти раисони полиси мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои соҳили баҳри Хазар (Каспий) бо ишора ба он, ки Афғонистон бузургтарин истеҳсолкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст, гуфт: дар ҳоли ҳозир кишти ҳашиш ва кўкнор дар Афғонистон рў ба афзоиш аст.
Ў бо таъкид ба ин нукта, ки пас аз ҳузури неруҳои Ғарб ва Амрико дар ин кишвар кишти маводи мухаддир афзоиш ёфт, гуфт: солона танҳо тарёк 10-ҳазор тонна тавлид мешавад.
Аҳмадии Муқаддам таъкид намуд, ки  бо баста шудани марзҳои Афғонистон ва аз се ду қисми марзи Покистон бо Эрон роҳҳои транзити маводи мухаддир дар ҳоли тағйир аст ва масири Осиёи Миёна метавонад чашмандози беҳтаре барои қочоқчиёни маводи мухаддир бошад, ки бояд бохабар буд. Ў изофа намуд: талош мешавад, то поёни соли 2011 аз роҳи хушкӣ ба Эрон ворид кардани маводи мухаддир номумкин мешавад.
Раиси пулиси Эрон бо таъкид бар ин ки ҳоло беш аз як миллион афғонӣ муътод асту дар кишварҳои ғарбӣ низ шумори муътодон рўз аз рўз меафзояд, гуфт: маводи мухаддир як мавзўъи ҷаҳонӣ аст ва ҳеч кишваре наметавонад худро аз он эмин бидонад.
Дар нишасти Анзалӣ раисони полиси кишварҳои Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон иштирок доштанд. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!