Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:51

Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб. Бокс дар Белярски Русия

7 декабр 2012, 05:54

Аз 15-ум то 16-уми декабри соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни ҷавонони соли таваллудашон 1998-1999 доир мегардад.

Тавре ба Озодагон аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар чорабинӣ, ки қувваозмоӣ дар вазнҳои 44, 48, 52, 56, 60 ва +60 кг сурат мегирад, ширкати ҳайати дастаҳои шаҳри Душанбе, вилоёти Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва водии Рашт дар назар аст.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалу дипломҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Дар шаҳри Белярски Федератсияи Русия бошад,  Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт доир шуда истодааст, ки он то 12-уми декабри соли ҷорӣ идома дорад. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Меҳроҷиддин Каримов, таҳти сарпарастии Кумитаи андози кишвар муаррифӣ мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!