Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

Делла Мэй дар Душанбе консерти ройгон баргузор менамояд

7 декабр 2012, 06:46

Дар доираи Барномаи фарҳангии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, бо дастгирии Бахши маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА ва дар якҷоягӣ бо бахшҳои радиои “Овози Амрико” дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 10 то 17 декабри соли ҷорӣ гурӯҳи овозхонони амрикоӣ “Делла Мэй” ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Сафорати Амрико иттилоъ доданд, ба ин муносибат   рӯзи 13 декабри соли 2012 соати 18:00 дар толори консертии меҳмонҳонаи ВЕФА консерти гурӯҳ баргузор мешавад ва даромад ба он ройгон аст.

«Делла Мэй» - гурӯҳи муосири фолклорӣ аз шаҳри Бостон, иёлоти Массачусетси Амрико мебошад. Гуфтанист, Тоҷикистон давлати шашум ва охирини сафари консерти гурӯҳ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ аст. Қаблан, ин гурӯҳ ба Покистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон низ рафта буд.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!