Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:56

Пас аз 10 моҳи мусофират шаҳрванди Тоҷикистон ба Душанбе меояд

7 декабр 2012, 07:03

Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия мегӯяд,  шаҳрванди Тоҷикистон Зарина Хоҷанова дар натиҷаи кӯмаку мусоидати зарурӣ имкон пайдо кард, ки ба ватан баргардад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии сафорат, номбурда аз Абхазистон (ба мақсади бозгашт ба Тоҷикистон) вориди шаҳри Сочии вилояти Краснодар шуд. Гуфта мешавад, Зарина Хоҷановаи 30-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа 10 моҳ пеш аз ин ба мақсади дароз кардани мӯҳлати иқомат дар Русия  ба Абхазистон рафт, аммо дар роҳи бозгашт, ба ӯ иҷозаи вуруд ба Русия дода нашудааст.

Манбаъ афзуд, дар натиҷаи тамосу гуфтушунидҳои пайвастаи кормандони сафорат  бо масъулини мақомоти дахлдори Русия ва мусоидати намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони вилояти Краснодар, ба хусус шаҳри Сочӣ- Фаррух Миров ва Ҳасан Ғуломов, барои ба Ватан баргаштани шаҳрванди Тоҷикистон тавассути қаламрави Русия иҷоза дода шуд. «Айни замон Зарина ҳамроҳ бо писараш дар шаҳри Краснодар қарор дошта,   дар рӯзҳои наздик ба Душанбе фиристода хоҳанд шуд».

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!