Пас аз чанд лаҳза дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили таҷлили понздаҳумин солгарди таъсиси Бунёди Ормоншаҳр / «OPEN ASIA» баргузор мегардад.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, дар ин маҳфил ҳамчунин супоридани ҷоизаи «Сулҳи Симурғ» ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, хадяи ду хазор чилд китоби Бунёди Ормоншаҳр ба Китобхонаи миллӣ дар назар аст.
Манбаъ афзуд, дар барномаи фарҳангии чорабинӣ ҳунармандон Ортиқи Қодир, Ҳимматхудо Амрихудоев, Ғаниҷон Олимов, Мавлона Наҷмиддинова, Некқадам Шоҳназаров, Гесӯ Ҷаҳонгирӣ, Руҳуламин Аминӣ, Шӯрангез Додошӣ, Гесӯ Маҳмадшоева ва донишҷўёни Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунананд.
Мӯҳр