Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:48

«Оташсӯзӣ» дар маҳаллаи 82 ва зангҳои телефонии сокинони пойтахт

18 июн 2011, 04:38

Кормандони хадамоти оташнишонӣ аз зангҳои телефонии шаҳрвандон шикоят мекунанд.

Тавре хабарнигори «Озодагон» худ шоҳид буд, шоми 16-уми июн дар маҳаллаи 82-юми пойтахт одамони зиёде ҷамъ гашта дар бораи кадом як оташсӯзӣ сӯҳбат доштанд. Пас аз гузашти чанд лаҳза, нақлиёти оташнишон ва кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ низ ба ҷойи «ҳодиса» расида омаданд. Аммо аз сӯхтору нишони оташ дар ин ҷо дараке набуд.
Маҳмадрозиқ Таибов, муовини сардори қисми 26-уми хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба ноҳияи Сино гуфт, дар соати 18-у 45 дақиқа касе ба навбатдории мо тамос гирифта, дар бораи сӯхтор дарак додааст. Тавре мебинед, қисми зудамали хадамот баъди 15 дақиқа ба ин минтақа расид, маълум гашт, ки занги телефонӣ дурӯғ будааст. Телефони ҳамроҳи зангзананда низ хомӯш аст. Таибов афзуд, вақтҳои ахир чунин зангҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд, тайи як моҳи равон барои сеюмин дафъа аст, ки чунин иттиллоъи дурӯғро шаҳрвандон ба мо расонида, бойиси саргардонӣ ва хароҷоти зиёди молии хадамоти оташнишонӣ мегарданд.     

{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!