Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 00:59

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук ворид мешаванд

7 декабр 2012, 10:47

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту илова ба Кодекси гумрукро, ки аз ҷониби президент пешниҳод шуда буданд, якдилона маъқул шуморид.

Тавре аз дафтари матбуотии МН ба Озодагон иттилоъ доданд, аснои шарҳу тавзеҳи ин тарҳ, муовини аввали Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов иброз дошт, ки аз ин ба баъд санадҳои расмиёти гумрукӣ ба молу маҳсулот дар кишвар аз 10 то 5 адад коҳиш меёбанд: «Коҳиши асноди расмиёти гумрукӣ бешубҳа ба рушди бозори Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд».

Номбурда ҳамчунон зикр кард, ки мутобиқи ин тағйирот шурӯъ аз 1-уми январи соли 2013 тамоми технологияи нави ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар воридшуда пурра аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд. Дигар илова ин аст, ки акнун кормандони мақомоти гумрук зимни ба нафақа баромадан ба кормандони ВКД ва АНМН-и Тоҷикистон баробар шуда, мӯҳлати нафақаи кормандони гумруки рутбаи аз сержант то капитан – 50 солагӣ, аз майор то полковник – 55 ва ҳайати генералҳо аз 60 солагӣ муқаррар мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!