Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:50

Баррасии дастгирии синфи миёнаи аҳолӣ

7 декабр 2012, 11:53

Дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи кумитаи тадорукот оиди гузаронидани конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ оид ба рушди институтсионалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ҳадафи ин ҳамоиш баланд бардоштани самаранокии соҳибкории ватанӣ дар асоси такмили омилҳои институтсионалӣ ва рушди ояндаи фазои институтсионалии соҳибкорӣ мебошад.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо зимни ин нишаст иброз намудааст, ки яке аз самтҳои асосии «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дастгирии синфи миёнаи аҳолӣ мебошад: «Аз ин лиҳоз, баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ метавонад дар самти татбиқи ҳадафҳои Стратегияи мазкур мусоидат намояд».

Дар ҷамъомади мазкур ҳамчунин муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ М.Маҳкамова, муовини аввали раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияи соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Ш.Бозоров, менеҷери лоиҳа аз IFC Кристофер Д.Миллер, ҳамоҳангсози барномаи иқтисодии SECO М.Иброҳимова, раиси раёсати Маркази бозори озоди Тоҷикистон К.Бондаренко  ширкат намудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!