Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:16

Баррасии Кодекси граждании Тоҷикистон

8 декабр 2012, 05:59

Маркази миллии қонунгузорӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) тасмим гирифтаанд 12 то 14-уми декабри соли равон дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм мизи мудаваре баргузор намоянд.

Бино ба иттилои масъулини ин марказ, ин ҳамоиш оид ба Консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании  Тоҷикистон буда, масъалаҳои мухталиф роҷеъ ба ин мавзӯъ  матраҳ хоҳад шуд.

Дар нишасти мазкур иштироки олимон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин  чорабинӣ  масъалаҳои муҳими вобаста ба такмили қисми якуми Кодекси гражданӣ, аз ҷумла муқаррароти умумии кодекс, ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, аҳдҳо, намояндагӣ, аҳдҳои беэътибор ва оқибатҳои ҳуқуқии он, ҳуқуқи моликият,  ӯҳдадориҳо ва ғайра муҳокима мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!