Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

Хизматрасониҳои ҳуқуқӣ. Усул ва шеваи он

11 декабр 2012, 03:58

Имруз, 11-уми декабр, Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамшарикӣ бо Маркази тадқиқотҳои сотсиологии «Зеркало» муаррифии пажӯҳиши мазкуррро барои кормандони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мекунад.

Оё монеаҳои дастрасии аҳолӣ ба адолати судӣ вуҷуд доранд? Оё одамон дар бораи механизмҳои ҳалли проблемаҳои ҳуқуқӣ донишу маълумот доранд? Агар не, он гоҳ онҳо проблемаҳои ҳуқуқии худро чӣ гуна ҳал мекунанд? Аҳолӣ барои гирифтани машварат ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат мекунад? Кадом ниҳодҳо ва ё шахсон барои ҳалли проблемаҳо мусоидат мекунанд? Сабаби муроҷиат аз чӣ иборат аст? Барои посух гирифтан ба ин ва дигар суолҳо, ки ҳалли ин проблемаҳои ҳуқуқӣ байни аҳолӣ маъмул аст, пажӯҳиш гузаронида шуд. Дар оянда натиҷаҳои тадқиқоти мазкур барои ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.
Гуфта мешавад, дар чорабинии мазкур ҳамчунин муаррифии намояндаҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ва корпуси судӣ оид ба ислоҳоти соҳаи ҳуқуқи дар ҷумҳурӣ ва ҳамчунин нақши ҳокимияти судӣ дар амалисозии ислоҳоти замин сурат мегирад. Аз рӯи натоиҷи пажӯҳиш ин ду мавзӯъ аз проблемаҳои маъмули ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!