Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Роҳандозии олимпиадаи тести электронӣ

10 декабр 2012, 11:58

Шокирҷон Гадоев, директори Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста зимни як ҳамоише, ки дар Душанбе баргузор гардид, пешниҳод намуд, ки дар мактабҳои Тоҷикистон олимпиадаи шакли тести электронӣ ҷорӣ карда шавад. Аз Вазорати маориф ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Шокирҷон Гадоев илова намудааст, ки дар ин шакли олимпиада хонандагони кишвар, инчунин ҳамватанони мо, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва зиндагонӣ мекунанд метавонанд ширкат варзанд. Гуфта мешавад, дар чунин шакли озмун саволҳо аз ҳар як фанни таълимӣ ба таври махфӣ омада, аз тарафи як нафар мутахассиси техникӣ ба системаи онлайни шабакаи Интернет ворид карда мешаванд. Ҳар як савол 4 вариантӣ ҷавоб доранд, ки дар байни онҳо якеаш дуруст аст, ки довталаб онро бояд бо аломати махсус қайд намояд. Манбаъ мегӯяд, зимни ин нишаст дар бораи шаклҳои гуногуни олимпиада, ҳадаф ва судмандиҳои он ба ҳозирин иттилоъ доданд ва қайд кардаанд, ки айни ҳол дар аксари кишварҳо шакли фосилавии олимпиада аз фанҳои таълимӣ маъмул гардида истодааст: «Компютер вариантҳои дуруст ва нодурустро худкорона ба қайд гирифта, ҳамзамон миқдори холҳои бадастовардаи довталабро дар монитор инъикос мегардонад. Умуман, зербарномаи тестии электронӣ имконият медиҳад, ки бе дахолати инсон ба дониши аслии хонанда баҳогузорӣ карда шавад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tursunzoda.maktabi limtt

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!