Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар соли 2012 эълом шуд

10 декабр 2012, 12:23

Ин ҷоизаи Дафтари ҳуқуқи инсон дар Душанбе соли 2009 таъсис ёфта, ҳамасола дар рӯзи даҳуми декабр (рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон) ба фаъолони ҳуқуқи башар тақдим мешавад.

Ҷоизаи мазкур ба Сергей Романов дар ҳоле дода шуд, ки худи ӯ дар пойтахти Полша- шаҳри Варшава қарор дорад. Тавре ба расонаҳо аз дафтари душанбегии ҳуқуқи инсон иттилоъ доданд, дар соли равон Сергей Романов дар чандин парвандаи марбут ба шиканҷа иштирок ва барои дифои нафарони таҳти ҳимояташ талоши зиёд ба харҷ додааст.

Маврид ба ёдоварист, Романов дар моҳи сентябри соли равон дар ҳамоиши Варшава оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сухан карда, иброз дошт, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон шиканҷа ба таври густурда истифода мешавад. Ба гуфти ӯ, дар зиндонҳои кишвар барои бозпурсии гумонбарон ва маҳбусин аз дастгоҳҳои барқие чун "Роғун"-у "Сангтӯда" ҳам истифода мекунанд.

Дар қатори Сергей Романов, ҳамчунин Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи "Азия-Плюс" ва созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро" низ бо ҷоизаи вижа аз сӯи созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон сарфароз гардиданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!