Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:25

Сабабҳои сӯхтор дар «Шаббода» таҳқиқ мешаванд

11 декабр 2012, 04:25

Рӯзи гузаштаи 10-уми декабр дар бинои тарабхонаи «Шаббода» сӯхтор ба амал омад.

Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, оташсӯзӣ дар кӯчаи «Ҳаёти нав» 150, масоҳати беш аз 390 метри мураббаъро фаро гирифт.Баъд аз панҷ дақиқаи расидани ду адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ба ҷойи ҳодиса маълум гардид, ки сӯхтор як қисми биноро фаро гирифта, хавфи паҳн гардидани ба тамоми тарабхона таҳдид менамуд.

Манбаъ афзуд, ба ҷои ҳодиса 7 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ, се адад нақлиёти обкашонӣ ва 80 нафар кормандони сӯхторнишонӣ сафарбар карда шуда, 670 метри мураббаъ аз оташ эмин ниг7оҳ дошта шуд.

-Таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби мутахассисон идома дошта, сабаб ва зарари сӯхтор муайян карда мешавад,-илова кард сарчашмаи хабар



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!