Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Ниҳолшинонӣ оғоз шуд. Дар Суғд

11 декабр 2012, 06:10

Дар майдони «Ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд маъракаи навбатии ярмарка-фурӯши ниҳол, инчунин дигар маҳсулоти озуқаворӣ баргузор гардид, ки дар он Қоҳир Расулзода, раиси вилоят ва дигар масъулин иштирок доштанд.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон дар ярмарка аз 6 муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, аз ҷумла хоҷагии ҷангали ноҳия, хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт, хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан, хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон, хоҷагии ҷангали ноҳияи Зафаробод, инчунин бахши муҳити зисти ноҳияи Спитамен, шаҳри Чкалов ва парваришгоҳи «Арча» иштирок намуданд. Аз тарафи муассисаи хоҷагии ҷангали вилоят зиёда аз 5 ҳазор кӯчати ниҳоли ҳамешасабз, 1000 бех мевадиҳанда, зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳо оварда, бо нархи арзон пешкаши аҳолӣ гардид.

Қоҳир Расулзода аз рафти ярмарка ва маҳсулоти босифати кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан карда, ба масъулини соҳа супориш дод, ки нархи маҳсулоти пешкашкарда бояд аз нархи бозор арзон бошад.

Маврид ба ёдоварист, дар дар ярмарка маҳсулоти босифати озуқаворӣ бо нархҳои арзон, аз қабили 1 кило картошка- 1 сомону 60 дирам, сабзӣ -70 дирам, турб - 70 дирам, харбузаву тарбуз аз 5 то 10 сомонӣ, себ- 1 сомонию 50 дирам, як халта орд- 130 сомонӣ, равған- 7 сомонию 20 дирам, биринҷ- 4 сомонию 50 дирам, гӯшти гов -24 сомонӣ, гӯшти гусфанд - 27 сомонӣ фурӯхта шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!