Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 15:52

Ҷалби бонувон ба варзиш

11 декабр 2012, 12:06

«Зани солим ояндаи солим бунёд мекунад», таҳти чунин унвон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки варзишгарзан Зебунисо Рустамова семинаре баргузор гардид.

Тавре Муродалӣ Тешаев, котиби матбуотии Кумитаи милии олимпӣ хабар дод, иштирокчиёни семинар аз ҳунари олии Зебунисо ифтихор намуда барои пайдо намудани чеҳраҳои нав миёни бонувон дар риштаҳои варзиш масалаҷуӣ намуданд.

Баҳрулло Раҷабалиев, роҳбари кумитаи мазкур иброз дошт, ки мақсади баргузории семинар дар оянда пайдо намудани бонувони лаёқатманд дар бахши варзиш мебошад.

Гуфта мешавад, аз ҷониби ин кумита барномаҳои мушахас қабул гардидааст, ки мақсади асосии онҳо ҷалби бештари бонувон ба варзиш аст.

Манбаъ мегӯяд, ҷомеи солимро зани солим бунёдгар аст, аз ин пас барнома дар дигар минтақаҳои дурдасти кишвар низ амалӣ мегардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!