Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:18

Баррасии буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

13 декабр 2012, 12:04

Абдулло Юлдошев, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Тамим ибни Моҷид ад-Дусарӣ, ҷонишини якуми Муовинати консулӣ ва иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини вазир оид ба корҳои консулии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар мулоқот намуд.

Давлаталӣ Назриев, сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки ҷонибҳо зимни ин вохӯрӣ масоили буду боши шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Арабистони Саудӣ муҳокима намуданд.

Гуфта мешавад, Абдулло Юлдошев сипосгузории ҷониби Тоҷикистонро барои саривақт ва ройгон вогузор намудани раводидҳои ҳаҷ ва умра ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид кард.

Манбаъ илова намуд, ки сафир ва иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини вазир дар ҷараёни ин нишаст роҷеъ ба дигар масъалаҳои консулӣ низ табодули назар анҷом доданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!