Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:45

Нигаронӣ аз қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ

13 декабр 2012, 11:35

Комил Исоев, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳия ва табъу нашри китоб зимни як ҳамоише, ки дар Душанбе баргузор гардид иброз намуд, ки дар Тоҷикистон қарз аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ давоми 10 сол беш аз 22 млн. сомониро ташкил додааст.

Аз Вазорати маориф ба Озодагон иттилоъ доданд, ки номбурда илова намудааст, ки дар ҷумҳурӣ қарз аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ аз соли 2001 то 31-уми декабри соли 2011 22 281 532, 29 сомонӣ ва аз ҳисоби маводи таълимӣ, журналҳои синфӣ ва дафтарҳои машқи хат 1 721 285, 63 сомониро ташкил намудааст: «Ин гуна қарзҳо бо баъзе сабабҳо, аз ҷумла дер ворид шудани маблағҳо аз шӯъбаҳои ноҳиявии бонкҳо ба суратҳисоби махсуси вазорат ва нодуруст пешниҳод шудани маълумот аз ҷониби мутасаддиёни шӯъбаҳои маориф, мувофиқат накардани маълумотҳо доир ба ин масъала, ба миён омадааст».

Комил Исоев аз фаъолияти як қатор шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ изҳори нигаронӣ кард ва ҳамзамон фаъолияти бархе аз онҳоро дар ин самт намуна нишон додааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!