Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:37

54 банкомат дар Душанбе нуқсон дорад

14 декабр 2012, 06:08

Зимни санҷиши комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон аз 200 банкоматҳои санҷидашуда ин миқдори онҳо бо сабабҳои техникӣ, надоштани пул ва ғайра кор намекарданд.

Тавре аз Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, вазъи ташвишовари банкоматҳо бештар дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад: «Санҷиши мазкур бо мақсади муайян намудани дараҷаи фаъолнокии банкоматҳо тайи ду рӯз комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд».

Манбаъ афзуд, дар робита ба ин, ба бонкҳо тавсия дода шуд, ки дар рӯзҳои баланд будани талабот ба пули нақд – рӯзҳои додани маош, стипендия, нафақа ва дигар намуди пардохтҳо нуқтаҳои иловагии пешниҳоди пули нақд, ки бо PОS-терминалҳо ҷиҳозонида шудаанд, ташкил карда шаванд, инчунин ба коршоямии шабонарӯзии банкоматҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Дар баробари ин, дар марказҳои савдо ва бозорҳо ҷойгир намудани POS-терминалҳо барои ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи қартаҳои пластикӣ мувофиқи матлаб аст.

Ҳамчунин қайд гардид, ки бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии проблемаҳои фаъолияти банкоматҳо ва дигар масъалаҳои истифодабарии қартаҳои пластикӣ дар рӯзҳои наздик Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони бовариро ба роҳ мемонад ва ҳар муштарӣ метавонад аз камбудию нуқсонҳои ҷойдошта хабар диҳад. Ёдовар мешавем, чанде пеш дар машварате, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ташкилотҳои қарзии мамлакат баргузор гардида буд, Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки тибқи маълумоти омодашуда то 1 ноябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 416 банкомат мавҷуд мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!