Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:58

Бозхонди судяи Суди Олии ҶТ

14 декабр 2012, 06:54

Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ, ки рӯзи гузашта таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи болоии парлумони кишвар сурат пазируфт, аъзои ММ пешниҳоди президентро дар ин бора пазируфтанд.

Тавре Шафқат Сайидов, ёвари райиси ММ МО оид ба робита ба ҷомеъа ва ВАО ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Эҳсонов бо сабаби беморӣ бозхонд гардида, Шарофиддин Зоиров ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҳамзамон, дар ин ҷаласа дар расми тантанавӣ ба муовини раиси Маҷлиси миллӣ, Қодири Қосим (раиси ҳукумати ВМБК) ордени “Иттиҳод”-и Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим гардида, як идда аъзои Маҷлиси миллӣ бо ордену мукофотҳои ҷашнии 20-солагии ин созмон сарфароз гардонида шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!