Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:23

«Диёри Душанбе» дар Душанбе

15 декабр 2012, 04:28

Маркази «Диёри Душанбе» дар пойтахт ба кор шурӯъ намуд ва дар аввалин рӯзи корӣ ин марказ лоиҳаи «Диёри Душанбе»-ро, ки аз ҷониби ширкати Қатар бо номи Диёр, ки ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ машғул аст, ба намоиш гузошт.

Бино ба гуфтаи намояндагони лоиҳаи мазкур, шаҳрак тақрибан дар 7 гектар замин бунёд мегардад: « Аз рӯи нақша 5 бинои истиқоматӣ, маркази биснес, минтақаи меҳмоннавозӣ, маркази намоишгоҳ, маркази савдо, кӯдакистон сохта ба истифода дода хоҳад шуд».

Гуфта мешвад, биноҳо аз 12 то 19 ошёна сохта шуда, дар ҳар як бино 6-7 ҳуҷра ҷйогир мешаванд, ки хонаҳои аз 2 ҳуҷра то 4 ҳӯҷрагӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин дар ин шаҳрак 400 аҳолӣ ҷойгир хоҳанд шуд. Алишер Убайдуллоев, менеҷери бахши фурӯши лиохаи «Диёри Душанбе» иброз дошт, ки хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми талаботҳои зарурӣ ба пуррагӣ таъмир карда мешаванд. Номбурда таъки намуд, ки ҳар яки он аз 200 ҳазор доллари ИМА то 500 ҳазор доллар арзиш доранд: «Ба ғайр аз сангу хок дигар маҳсулотҳои сохтмонии худро аз Туркия, Қатар ва Иёлоти муттаҳидаи Араб харидорӣ менамоем. Инчунин мо ба сифати кори худ боварӣ дорем».

Саад ал Отаибӣ, директори минтақавии ширкати «Қатари Диёр» мегӯяд, марҳилаи аввали сохтмони «Диёри Душанбе» аз аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ шурӯъ шудааст, ки бояд он дар муддати 18 моҳ ба истифода дода шавад.

Ба қавли директори минтақавии ширкати «Қатари Диёр» ин аввалин сармояи давлати Қатар дар Тоҷикистон мебошад ва барои хариди хонаҳо бештар ба мардуми тоҷик аҳамият дода мешавад на ба хориҷиён, чун хонаҳо асосан барои мардуми ин сарзамин сохта хоҳанд шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!