Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:57

Ҷасади боз як муҳоҷири тоҷикро аз Русия ба Ватан меоранд

15 декабр 2012, 06:01

Эмомалӣ Одинаеви 43 сола, шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде пеш бар асари як ҳодисаи нохуш сахт осеб дида дар шифохонаи марказии шаҳри Александрови вилояти Владимир бистарӣ буд, аз олам даргузашт.

Тавре аз Хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба Озодагон хабар доданд, сафорат ҳуҷҷатҳои заруриро ҷиҳати интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон анҷом додааст ва интизор меравад, фурсатҳои наздик ба Ватан фиристода шавад.

Бино ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Одинаев 6-уми декабри соли равон дар пайи як ҳодисаи нохуш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Александрови вилояти Владимир ҷароҳати вазнин бардошта, ба шифохонаи шаҳри Александр интиқол ёфта буд. «Давоми чанд рӯзи охир Эмомалӣ дар вазнинхона зери муоинаи шифокорон қарор дошт, аммо саъю талоши онҳо дар қиболи марг корагар нашуд»,-афзуд сарчашма.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!