Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:27

Натаняҳу эътилоф созмон дод

17 декабр 2012, 05:34

Эътилофи давлатии ояндаи Исроил сиёсати Обама дар қиболи Натаняҳуро таъйин мекунад.

Ҳафтаномаи "Ал-манор"-и чопи Фаластин навишт: Бенямин Натаняҳу як тими вижаро ташкил додааст, ки дар ҳоли таҳияи гузорише дар бораи робитаи оянда байни Вашингтон ва Телавив дар сурати пирӯзии ҳизби Ликуд дар интихоботи оянда аст ва ин гурӯҳ гузориш ва тавсияи худро ба Натаняҳу ироа хоҳад кард.

Ба навиштаи ҳафтаномаи "Ал-манор", ҳамзамон як гурӯҳи амрикоӣ дар Вашингтон дар ҳоли таҳияи гузорише барои Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи сиёсати ояндаи худ дар қиболи нахуствазири Исроил аст.

Манобеи амрикоӣ огоҳ ба ҳафтаномаи "Ал-манор" чопи Фаластин гуфтанд, ки сиёсати Обама бар асоси моҳияти эътилофе, ки Натаняҳу баъд аз интихобот ташкил хоҳад дод, таъин хоҳад шуд ва дар сурате ки ин эътилоф, ростгаро бошад, талошҳои сулҳ дар минтақаро маҳдуд мекунад ва дар ин сурат раиси ҷумҳури Амрико нисбат ба ин эътилоф бетаваҷуҳӣ хоҳад кард ва дар ростои ҷустуҷӯ барои ёфтани созукорҳои байналмилалӣ ба манзури ба коргирии роҳи ҳалҳои амалӣ барои даргирии фаластиниҳо ва Исроил, пеш хоҳад рафт, созукорҳое ки аз мавқеи Исроил фаротар хоҳад рафт.

Ин манобии амрикоӣ аз таҳарруки бархе аъзои ҳизби Ликуд дар хориҷ, аз ҷиноҳи тундрав дар ҳизб барои мутақоид кардани Натаняҳу ба шаклгирии давлатии ростгаро - чапгарои густарда баъд аз интихобот, хабар дод, ҳатто агар маҷбур бошад, ки ҳазинаи ин гуна эътилоферо бипардозад.

Манбаъ: Хабаргузории Форс



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!