Бахшҳо

Медал ба вакилони парлумони Тоҷикистон

Лоиҳаи қонун «Дар бораи тайёрии варзишӣ» имрўз дар ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагони, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон иттилоъ доданд, дар ҷаласа Марҳабо Ҷабборова, раиси кумитаи МН оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия шудааст. Ҳамчунин он ба таҳкими саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии шаҳрвандон равона гардида, барои ташвиқу тарѓиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад».

Манбаъ афзуд, ҳамчунин дар нишаст қайд гардид, ки дар баробари рушду равнақ ва инкишоф ёфтани ҷомеа шаклу намудҳои нави варзиш ва муассисаҳои тайёрии варзишӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба вуҷуд омада бошанд ҳам, то ба имрўз фаъолияти онҳо ба фазои ягонаи ҳуқуқӣ ворид карда нашудаанд. Дар бисёр мавридҳо муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар субъектони тайёрии варзишӣ фаъолияти худро бе барномаҳои илман асосноки тайёрии варзишии аз тарафи мақомоти дахлдор тасдиқгардида ба роҳ монда, аз тарафи онҳо стандартҳои тайёрии варзишӣ риоя карда намешавад, ки он метавонад боиси оқибатҳои ногувор гардад.

Маврид ба тазаккур аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур, ки бо тартиби ҳуқуқи таашаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилон- Мирганд Шабозов, Марҳабо Ҷабборова, Меҳроҷиддин Ҳакимов ва Бибидавлат Афзалшоева пешниҳод карда шудааст, аз 4 боб ва 22 модда иборат буда, масъалаҳои мухталифи танзими ҳуқуқии соҳаи тайёрии варзиширо дар бар мегирад.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯрои МН Шукурҷон Зуҳуров ба муовини раиси Маҷлиси намояндагон Назира Fаффорова, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амир Катаев, Хайринисо Юсуфӣ, Амирқул Азимов, вакилони Маҷлиси намояндагон Сабоҳат Муқумова, Рустам Латипов, Насрулло Маҳмудов ва Лутфулло Саидмуродов медалҳои ҷашнии «20 – солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва ифтихорномаҳои фахрии Ассамблеяи мазкурро тақдим намуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)