Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:08

Пирӯзии муҳассилини «Ҳотам ва ПВ» дар Олимпиадаи байналмилалӣ

17 декабр 2012, 08:57

Хонандагони гимназияи номбурда дар Олимпиадаи байналмилаии Эйлер ширкат карда, баранда шуданд

 

Абдуфаттоҳ Ҳотамов, сарвари гимназияи «Ҳотам ва ПВ» дар сӯҳбат бо Озодагон гуфт,  сабқати мазкурро «Бунёди Эйлер» аз фанни математика аз тариқи интернет баргузор намуд, ки дар он даҳ нафар хонандагони гимназияи мо ширкат карданд: «Талабаи синфи даҳум Ғолибҷон Эмомов, барандаи Олимпиадаи Эйлер дониста шуд ва 9 нафари дигар низ аз мактаби мо ҷоизаҳои ин олимпиадаро ба даст оварданд».

Ба қавли оқои Ҳотамов, тобистони ҳамин сол ҳамаи ин даҳ нафар хонандагони гимназия ба Мактаби байналмилаии Санкт Петербург ва дар моҳи август ба Испания даъват карда мешаванд, ки дар он ҷо ҳам ба омӯзиш машғул шуда ва ҳам истироҳат хоҳанд кард. Гуфтанист, дар олимпиадаи Эйлер ба ҷуз хонандагони тоҷикистонӣ, ҳамчунин талабагон аз Русия, Испания, ИМА, Исроил ва кишварҳои дигар низ ширкат намуданд.

PS: Леонард Эйлер яке аз машҳуртарин риёзидонҳои олам маҳсуб мешавад. Ӯ дар шаҳри Базели  Швейтсария дар оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Падараш роҳиби калисо буд, вале чун дониши амиқи риёзӣ дошт, аввалин муаллим барои фарзанди худ шуд.

Дар синни 17-солагӣ Леонард Эйлер рисолаи магистериро таҳти роҳбарии риёзидони варзидаи замон Н.Бернуллӣ ҳимоя намуд. Леонард Эйлер академики Академияи улуми Русия ба шумор рафта ва барандаи даҳҳо ҷоизаҳои байналмилалӣ дар илмӣ математика буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!