Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

Баррасии МОИ дар Тоҷикистон

17 декабр 2012, 12:10

Дар Душанбе ҷаласаи 6-уми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни ин ҳамоиш масъалаҳои гуногун, за ҷумла маълумоти мухтасар оид ба тадбирҳои анҷомдода ҷиҳати иҷрои протоколи ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳисоботҳои роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба фаъолияташон дар соли 2012 ва нақшаҳояшон барои соли 2013 баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, ин нишаст бо дастгирии дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо мақсади таҳкими иқтидори Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозии ҷалб ва фаъолияти шарикони рушд ба соҳаи рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Бояд зикр намуд, то имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 32 субъект, аз ҷумла дар «Суғд» 20 адад, дар «Панҷ» 7 адад, дар «Данғара» 5 адад фаъолият менамоянд, ки аз ин миқдор 12 ададашон танҳо дар соли 2012 ба қайд гирифта шудаанд.

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, дар давраи амалӣ намудани нақшаҳои тиҷоратӣ аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷалб намудани сармоягузорӣ ба чунин минтақаҳо ба маблағи бештар аз 365 миллион сомонӣ ва ташкили бештар аз 1600 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!