Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:48

18-уми декабр-Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон

18 декабр 2012, 05:16

Имрӯз, 18-уми декабр дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон нишасте оғоз гардид.

Аз Хадамоти мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни ин нишаст роҷеъ ба таҷлили ин сана ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ миёни масъулин табодули назара сурат мегирад.

Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон фардо низ дар Донишогоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҳамоише доир хоҳад шуд.

Манбаъ мегӯяд, барои таҷлили ин сана мусоҳиба бо муҳочирони меҳанатӣ дар фурудгоҳҳо ва роҳи оҳан баргузор мегардад.

Бояд зикр намуд, 18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзоёни оилаи онҳоро қабул намуд ва дар санаи 4-уми декабри соли 2000 ассамблеяи мазкур Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро, ки ҳамасола 18-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, ба расмият даровард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!