Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Таъхири навбатӣ дар баррасии қазияи Искандари Фирӯз

18 декабр 2012, 06:08

Мурофиаи додгоҳии парвандаи марбут ба садамаи журналист, ки бояд имрӯз соати 10 дар додгоҳи ноҳияи Сино баргузор мешуд, ба таъхир афтод.

Ба гуфтаи Наталя Набиевна, яке аз вакилони мудофеъи Искандари Фирӯз бо сабаби ҳозир нашудани айбдоркунандаи давлатӣ баррасии мурофиа то соати 14-и имрӯз мавқуф гузошта шуд.

Ҳамзамон, Исмоил Давлатов, қозии ин қазия дар додгоҳи ноҳияи Сино дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ки имрӯз соати 14-00 муҳокимаи парвандаи Искандари Фирӯз баргузор мегардад.

Ёдрас менамоем, Искандари Фирӯз, хабарнигори Бӣ-бӣ-Сӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ шаби 9-уми октябри соли равон дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуда буд. Пас аз чанд муддат барои муолиҷа ва идомаи табобат журналистро ба касалхонаи Ибни Сино интиқол доданд ва ӯ то ин замон дар он ҷо бистарист.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!