Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:56

Бо ҷалби сармояи Туркия дар Тоҷикистон 3 корхонаи саноатӣ бунёд мегардад

18 декабр 2012, 07:09

Тибқи 4 санади нави ҳамкорӣ, ки 17 декабри соли ҷорӣ дар поёни Анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия ба имзо расид, бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ аз Туркия 3 корхонаи саноатӣ бунёд меёбад.

Тавре Давлаталӣ Назриев, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати «Кока-Кола Ичечек»-и Туркия бунёди як корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои гуногунро бо ҷалби 70 миллион доллари амрикоӣ дар назар дорад.

Дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни ширкати «Тамвил»-и Тоҷикистон ва ширкати «Туркмоллӣ»-и Туркия бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе як Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо сохта мешавад. Тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкати «Фаровон»-и Тоҷикистон ва ширкати туркии «Дегирменчи Кардешлар» бошад, дар ноҳияи Ҳисор корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори шабонарӯзии 150 тонна маҳсулот ва анбори ғалла бо ғунҷоиши 18 ҳазор тонна бунёд хоҳад ёфт. Корхона бо харҷи 2 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар он 150 кас соҳиби кори доимӣ мегарданд.

Дар ҳоли ҳозир миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба имзо расидани 9 санади дигар имрӯз, 18 декабр дар назар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!