Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

Кӯлоб ба шаҳри Санкт-Петербург наздик мешавад

20 июн 2011, 02:25

Хатсайри нави ҳавоӣ Кӯлобро бо Русия мепайвандад.

Шурӯъ аз 27-уми июни соли равон мусофирони кӯлобӣ метавонанд ба яке аз шаҳрҳои бузурги Русия,   ё худ пойтахти шимолии ин кишвар, шаҳри Санкт-Петербург парвоз намоянд.Ба иттилои кормандони фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Кӯлоб, ин хатсайри нав ба хотири зиёд будани мусофирон, ба хусус муҳоҷирони меҳнатӣ бо ташаббуси ширкати Ист-Эйр рўйи кор омадааст. Ширкати мазкур, барои мусофирон як тайёраи ҷадиди тамғаи  «Аэробус»-ро пешниҳод кардааст. Зимнан, ба иттилои хабарнигори минтақавии хабаргузории «Озодагон», дар оянда низ ин ширкат ният дорад хатсайрҳои нави ҳавоиро ба мамолики хориҷӣ аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба роҳ монад.

Дар њоли ҳозир аз фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб ҳар ҳафта садҳо нафар аз мусофирон тавассути 12 тайёра ба шаҳрҳои гуногуни кишвари Русия сафар ба анҷом мерасонанд.

{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!