Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:54

Насрулло Шарипов: Сад фоиз гунаҳкорам

18 декабр 2012, 09:57

Айни замон дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт мурофиаи парвандаи марбут ба садамаи журналист Искандари Фирӯз идома дорад.

Тавре хабарнигори Озодагон аз толори мурофиаи мазкур хабар дод, дар оғози мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ аз ҷавобгар дар мавриди ҳузур надоштани ҳимотгараш пурсидааст. Насрулло Шарипов, изҳор дошт, ки “ман бо гуноҳи худ иқрор мешавам, ки сад фоиз гунаҳкорам, бароям иштироки вакили мудофеъ муҳим нест”.

Ёдрас менамоем, Искандари Фирӯз, хабарнигори Бӣ-бӣ-Сӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ шаби 9-уми октябри соли равон дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуда буд. Пас аз чанд муддат барои муолиҷа ва идомаи табобат журналистро ба касалхонаи Ибни Сино интиқол доданд ва ӯ то ин замон дар он ҷо бистарист.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!