Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:18

Талаби 3 солу 6 моҳи ҳабс ба сабабгори садамаи журналисти Бӣ-бӣ-сӣ

18 декабр 2012, 11:18

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт мурофиаи парвандаи марбут ба садамаи журналист, Искандари Фирӯз идома дошта, айни замон коллегияи судӣ ба хонаи машварат рафтааст.

Бино ба иттилои хабарнигори Озодагон, айбдоркунандаи давлатӣ тақозо кард, ки нисбат ба ҷавобгар Насрулло Шарипов 3 солу 6 моҳи зиндон ҳукм эълон шавад ва номбурда аз толри додгоҳ ба ҳабс гирифта шавад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ модари Искандари Фирӯз аз судя дархост намуд, ки нисбати судшаванда дар чорчӯбаи қонун ҳукм эълон карда шавад: “Ба хотири он ман аз гуноҳи Насрулло Шарипов нагузаштам, ки дар як моҳи дар холати беҳушӣ қарор доштани фарзандам, ҳатто як бор аз ҳоли ӯ хабар нагирифт. Барои ҳамин ман даъвоямро пас намегирам”.

Маврид ба зикр аст, ки дар оғози мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ аз ҷавобгар дар мавриди ҳузур надоштани ҳимоятгараш пурсидааст. Насрулло Шарипов изҳор дошт, ки “ман бо гуноҳи худ иқрор мешавам, ки сад фоиз гунаҳкорам, ба ман ҳимоятгар лозим нест”. Шарипов инчунин аз наздикону пайвандони Искандари Фирӯз узр хоста гуфт: “Ман ҳам намехостам чунин ҳолат рух диҳад ва инсоне бо айби ман азоб кашад”.

Ёдрас менамоем, Искандари Фирӯз, хабарнигори Бӣ-бӣ-Сӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ шаби 9-уми октябри соли равон дар ҳолати беҳушӣ ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шуда буд. Пас аз чанд муддат барои муолиҷа ва идомаи табобат журналистро ба касалхонаи Ибни Сино интиқол доданд ва ӯ то ин замон дар он ҷо бистарист.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!