Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:13

Ҳамрохон Зарифӣ озими Маскав шуд

19 декабр 2012, 04:50

Номбурда дар пойтахти Русия дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок хоҳад кард.

Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ВКХ-и кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласаи муштарак рӯзномаи иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки ҳамин рӯз дар Кремл баргузор мешавад, инчунин лоиҳаи санадҳо оид ба таҳким ва рушди бахши низомии ҳамкориҳо то соли 2020, оид ба рушди низоми вокуниши дастаҷамъона дар ҳолатҳои фавқулодда, дар бораи пешбинии рушди вазъият дар Афғонистон то соли 2015 ва чораҳо ҷиҳати мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои аз ин самт бароянда мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамзамон, иштирокчиёни нишаст масоили марбут ба ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ аз ҷониби сарони давлатҳои узви СААД, дар бораи самтҳои авлавиятноки фаъолият дар марҳилаи раисии ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои ташкилию тадорукотиро муҳокима менамоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!