Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:29

Хазинаи ОПЕК барои бемористони Данғара боз 2,8 миллион $ медиҳад

19 декабр 2012, 05:08

Чанде қабл дар Вена миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилаллӣ Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид.

Дар асоси ин санад, хазинаи мазкур ба лоиҳаи "Беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Данғара" маблағи иловагӣ ҷудо мекунад. Тавре ба Озодагон аз ВКХ-и кишвар иттилоъ доданд, аз ҷониби Тоҷикистон Созишномаро сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ва аз сӯи Хазинаи ОПЕК мудири кулли он- Сулейман Ал-Ҳербиш имзо намуданд. Мувофиқи созишнома Хазинаи ОПЕК қарзи иловагиро дар ҳаҷми 2,8 млн. доллари ШМА барои таҷҳизонидани беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Данғара бо лавозимоти ҳозиразамон ҷудо менамояд.

Гуфтанист, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Хазинаи ОПЕК дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва аллакай барои татбиқи он зиёда аз 5 млн. доллари ШМА ҷудо шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!